Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯 – Telegram
Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯
440 subscribers
1.8K photos
172 videos
4 files
446 links
🇹🇯Ministry of Energy and Water Resource official channel
Download Telegram
25 ноябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлис, нахуст, гузориши вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа дар бораи Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ барои солҳои 2026-2030 шунида шуд.
Таъкид гардид, ки лоиҳаи қарори мазкур бо мақсади “Таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки энергияи барқ”, ки яке аз ҳадафҳои калидии Стратегияи миллии рушди ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

25 ноября под председательством Президента Республики Таджикистан, Лидера нации, Председателя Правительства страны уважаемого Эмомали Рахмонa состоялось заседание Правительства Республики Таджикистан.

На заседании вначале был заслушан доклад Министра энергетики и водных ресурсов Далера Джума о Программе развития электроэнергетического сектора на 2026-2030 годы.
Было отмечено, что проект данного Постановления разработан и представлен с целью «Обеспечения энергетической безопасности и эффективного использования электроэнергии», что является одной из ключевых целей Национальной стратегии развития республики.


#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #МаҷлисиҲукумат #ЗаседаниеПравительства #GovernmentSessions

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
👍31
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
25-уми ноябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлис, нахуст, гузориши вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа дар бораи Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ барои солҳои 2026-2030 шунида шуд.


Муфассал ⤵️
👍21
🇹🇯🇹🇲26-уми ноябри соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа бо Cафири фавқулода ва мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гочмирадов Аймират мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот Вазири энергетика ва захираҳои об таъкид кард, ки бо ташаббусу роҳнамоии сарони ду давлат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов, ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла дар соҳаи энергетика ва захираҳои об рушд намуда истодаанд.


Дар ин замина, мусоҳибон барои густариши бештари муносибатҳо дар самти электроэнергетика ва нафту газ омодагии худро иброз доштанд.

Ҳамзамон, ҷонибҳо масъалаҳои омодагӣ ба Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ, ки баргузории он моҳи декабр дар шаҳри Душанбе дар назар аст, баррасӣ намуданд.

Муфассал
Подробнее

@mewrtj
👍31🤝1
27-уми ноябри соли 2025, Душанбе. – Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода бо намояндагони доираҳои тиҷоратии Олмон вохӯрӣ анҷом дод.

Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба роҳандозии ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об, инчунин ҷалби сармоя барои амалисозии лоиҳаҳои афзалиятнокро мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон, ба ҳайати намояндагони доираҳои тиҷоратии Олмон рӯнамо оид ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, аз ҷумла рушди энергетикаи «сабз», баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ пешниҳод гардид.


Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи музокироти созанда ва таҳияи пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак изҳор намуданд.

************
Саҳифаҳои расмии Вазорат дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Телеграм: t.me/mewrtj
Инстаграм: instagram.com/mewr.tj
👍3🤝1
28-уми ноябри соли 2025, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об ҷаласаи корӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки намояндаи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим баргузор гардид.

Ҷаласаро Манучеҳр Сафарзода, муовини вазир, ифтитоҳ намуда, доир ба нақши қонун суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки риояи меъёрҳои қонун барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъмини сарфакорӣ ва баланд бардоштани фарҳанги ҷомеа аҳамияти муҳим дорад.

Сипас, Бурҳониддин Қаландаров, намояндаи Кумита, муҳтавои қонун ва талаботи асосии он, аз ҷумла тартиби баргузории маросимҳо, инчунин ҷавобгарӣ барои риоя нагардидани қонунгузориро шарҳу тавзеҳ дод.


Дар охир миёни иштирокчиён саволу ҷавоб доир ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

************
Саҳифаҳои расмии Вазорат дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Телеграм: t.me/mewrtj
Инстаграм: instagram.com/mewr.tj
2👍2🆒1
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Сабабҳо ва омилҳои коҳиши назарраси истеҳсоли неруи барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон ва муваққатан ҷорӣ гардидани маҳдудият

Бозтоби мавзуи мазкур аз ҷониби мутахассисон дар барномаи “Воқеият”-и телевизиони “Тоҷикистон”

************
Саҳифаҳои расмии Вазорат дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Телеграм: t.me/mewrtj
Инстаграм: instagram.com/mewr.tj
👍4
🇹🇯 🇹🇲 29-уми ноябри соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазири энергетикаи Туркманистон Аннагелди Сапаров мулоқоти маҷозӣ анҷом дод.

Зимни вохӯрӣ ҳамкориҳои кишварҳо дар соҳаи энергетика мавриди баррасӣ қарор гирифта, мусоҳибон барои густариши бештари муносибатҳо табодули афкор намуданд.


Дар анҷом, вазирон омодагии худро барои идомаи муколамаи созанда ва тақвияти ҳамкорӣ ба манфиати ҳар ду кишвар таъкид намуданд.

Муфассал
Подробнее

************
Саҳифаҳои расмии Вазорат дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Телеграм: t.me/mewrtj
Инстаграм: instagram.com/mewr.tj
👍71🤝1
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Имсол, махсусан дар мавсими тирамоҳ, омилҳои табиӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, камборишӣ, коҳиши резиши об дар дарёҳо ва пастшавии сатҳи оби обанборҳои неругоҳҳои барқи обӣ, ба раванди истеҳсоли неруи барқ дар кишвар таъсири ҷиддӣ расонд.

Бо дарназардошти вазъи баамаломада ва бо мақсади нигоҳ доштани тавозуни истеҳсолу истеъмол дар мамлакат муваққатан маҳдудияти таъмини неруи барқ ҷорӣ карда шудааст.


Бозтоби мавзуи мазкур дар барномаи иттилоотии “Ахбор”-и Телевизиони Тоҷикистон

************
Саҳифаҳои расмии Вазорат дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Фейсбук
Телеграм
Инстаграм
👍721
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Мушоҳидаҳои Мустаони Ваҳҳоб, сокини ноҳияи Тоҷикобод, дар робита ба кам шудани сатҳи оби дарёи Сурхоб – яке аз шохоби асосии дарёи Вахш, бозгӯи онанд, ки имсол воқеан, бо сабаби таъсири тағйирёбии иқлим, камборишӣ резиши об дар дарёҳои кишвар, махсусан, дарёи Вахш, коҳиш ёфтааст.

Маврид ба зикр аст, ки 85 фоизи иқтидорҳои истеҳсолӣ – неругоҳҳои барқи обӣ дар маҷрои дарёи Вахш ҷойгир буда, камшавии сатҳи об бевосита ба истеҳсоли неруи барқ, хусусан дар давраи тирамоҳу зимистон, таъсири ҷиддӣ расонида истодааст.


Дар натиҷа, ҳаҷми неруи истеҳсолшуда нисбат ба меъёрҳои мавсимӣ коҳиш ёфта, ин ҳолат зарурати танзими муваққатии истеъмоли неруи барқро барои нигоҳ доштани тавозуни низоми энергетикӣ ба миён овард.

Навор аз саҳифаи Фейсбукии Мустаони Ваҳҳоб

************
Саҳифаҳои расмии Вазорат дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Телеграм: t.me/mewrtj
Инстаграм: instagram.com/mewr.tj
👍61
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Тағйирёбии иқлим ва пастшавии сатҳи об дар ҳавзаҳои гидроэнергетикӣ боиси коҳиши истеҳсоли неруи барқ гардида, дар мавсими тирамоҳу зимистон норасоии неру бештар эҳсос мешавад.

Бо дарназардошти афзоиши талаботи аҳолӣ ва бахшҳои иқтисодӣ ба неруи барқ, зарур аст, ки ҳар як муштарӣ ба истифодаи самараноку сарфакоронаи неруи барқ аҳамияти ҷиддӣ диҳад.

********
Саҳифаҳои расмии Вазорат дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Телеграм: t.me/mewrtj
Инстаграм: instagram.com/mewr.tj
👍41
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Сабабҳо ва омилҳои ҷорӣ гардидани маҳдудияти бештари неруи барқ дар мавсими тирамоҳу зимистони соли 2025

Бозтоби ҳолати баамаломада аз ҷониби мутахассиси Неругоҳи барқи обии "Норак"


©️Наворро Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон омода намудааст.

************
Саҳифаҳои расмии Вазорат дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Фейсбук
Телеграм
Инстаграм
👍21