Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч – Telegram
Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч
10.9K subscribers
8.53K photos
2.38K videos
8.87K links
Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Оиди ҳамкорӣ ва реклама 👇
@shodtj
Download Telegram
⚠️200 грамм мех ва самарез дар меъдаи бемор

Дар филиали Маркази ҷумҳуриявии ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Самарқанд ҷавони 29-солаеро ҷарроҳии фаврӣ карданд. Пас аз ҷарроҳӣ табибон аз роҳи меъдаю рӯдаи бемор миқдори зиёди маснуоти металии сохтмониро хориҷ карданд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, сабаби ин ҳодиса ҳолати шадиди стресс будааст, ки ба рафтори ғайримуқаррарӣ оварда расондааст. Дар ин бора расонаҳои ӯзбекистонӣ хабар додаанд.

Ба гуфтаи пизишкон бемор бо шикояти дарди шадид ба беморхона интиқол ёфтааст. Ташхис нишон додааст, ки дар узви ҳозимаи бемор миқдори зиёди ашёҳои металӣ мавҷуд аст.

Амалиёти ҷарроҳӣ бо усулҳои лапаротомия ва гастростомия тақрибан як соат идома ёфт ва дар ҷараёни он қариб 200 грамм ашёҳои бегона хориҷ карда шуданд.

Ба гуфтаи табиби дараҷаи олӣ бемористони номбурда Юлдош Қулиев, айни ҳол ҳолати бемор қаноатбахш буда, ӯ аллакай мустақилона роҳ рафта метавонад.

📱 Pressa.tj
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
4😱1
⚠️Қодиров писари 20-солаашро ба мақоми баланд таъйин кард

Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров рӯзи 5-уми январ таъйиноти наверо эълон кард, ки бар асоси он писари калонаш Аҳмад Қодиров акнун муовини сарвазири ҷумҳурӣ мешавад.

Ҷавони 20-сола бо ин, ки вазифаи навро ҳам соҳиб шуд вале аз мансаби ҳозирааш, яъне вазири тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш аст нигоҳ медорад.

Аҳмад танҳо фарзанди Қодиров нест, ки дар дастгоҳи ҳокимияти Чеченистон мавқеи баланд дорад:

Зелимхон (19-сола) — писари дуюм, соли гузашта раиси Федератсияи муштзании Чеченистон шуд.

Одам (17-сола) — писари хурдӣ, ҳоло дабири Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ аст.

Хадиҷа (24-сола) — духтари Қодиров, соли 2024 ба мақоми муовини аввали раиси дастгоҳи раҳбари Чеченистон расид ва то имрӯз дар ин вазифа кор мекунад.

Таъиноти писарони ҷавон ба мансабҳои калидӣ нишондиҳандаи сиёсати Рамазон Қодиров дар мустаҳкам кардани нуфузи хонаводагиаш дар сохтори ҳокимияти минтақавӣ аст.

📱 Pressa.tj
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
9👎1
‼️Тағйироти кадрӣ: ёвари президент ва раисони 9 шаҳру ноҳия аз вазифа озод шуданд

Дар Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Абдулло Раҳмонзода аз вазифаи ёвари Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа озод шуда, муовини раиси вилояти Хатлон таъин гардид.

Ҳамчунин, Ашурбой Солеҳзода аз вазифаи муовини якуми Вазорати рушди иқтисод ва савдо барканор шуда, ӯ низ муовини раиси вилояти Хатлон таъин шудааст.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти президент, тибқи қарорҳои имрӯзаи Эмомалӣ Раҳмон, раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ҷайҳун, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Ховалинг, Исфара, Истаравшан, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров ва Рӯдакӣ, инчунин раис ва муовинони раиси Кумитаи рушди маҳал аз вазифаҳо озод гардидаанд. Ба ҷойи онҳо кадрҳои дигар таъин шудаанд, аммо номҳояшон ҳанӯз расман эълон нашудааст.


Инчунин, Манучеҳр Шарифзода, муовини пешини вазири фарҳанг, ба вазифаи директори муассисаи давлатии «Театри миллӣ» таъйин гардид.

Сабабҳои барканории мансабдорони зикршуда расман шарҳ дода нашудаанд.

📱 Pressa.tj
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
3👍2
⚠️Масъалаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ меҳвари гуфтугӯи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо ҳамтои саудии худ Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх дидор кард. Ҷонибҳо дар ин вохӯрӣ масъалаҳои калидии густариши робитаҳои дӯстонаи ду кишварро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар ин бора хабаргузории давлатӣ АМИТ “Ховар” хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо зарурати таҳкими ҳамкориро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ таъкид карданд. Нақши парлумонҳо дар густариши муносибатҳои байнидавлатӣ муҳим арзёбӣ карда шуд.

Масъалаҳои табодули таҷрибаи қонунгузорӣ, ҳамоҳангсозии мавқеъҳо дар созмонҳои байналмилалӣ ва густариши робитаҳои гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ низ дар дастури корӣ қарор дошт.

Ҳарду тараф омодагии худро барои пешбурди ҳамкории судманд баён намуданд, ки ин барои рушди минтақавӣ аҳамияти калон дорад.

📱 Pressa.tj
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
2👍1
Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч
‼️Тағйироти кадрӣ: ёвари президент ва раисони 9 шаҳру ноҳия аз вазифа озод шуданд Дар Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Абдулло Раҳмонзода аз вазифаи ёвари Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа озод шуда, муовини…
⚠️Тағироти кадрӣ дар сохторҳои давлатӣ

Имрӯз, 7 январ дар чанде аз мақомоти шаҳру ноҳияи Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раисони нави 9 шаҳру ноҳияи кишвар ва роҳбарони нави баъзе сохторҳои давлатро ба ҳузур пазируфт.

Кадрҳои навтаъин инҳо ҳастанд:

1. Солеҳзода Ашурбой - муовини раиси вилояти Хатлон оид ба иқтисод;
2. Раҳмонзода Абдулло - муовини раиси вилояти Хатлон оид ба идеология;
3. Пирзода Диловар - иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб;
4. Набизода Фаррухуддин Амурдин - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ;
5. Рауфзода Саймумин Тоҷиддин - раиси ноҳияи Ховалинг;
6. Ализод Азизулло Муҳибулло - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷайҳун;
7. Ҷумазода Шарифҷон - иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара;
8. Қодирӣ Абдусаттор Ғаффорзода - раиси шаҳри Истаравшан;
9. Нӯмонзода Темурҷон - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;
10. Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен;
11. Салимзода Нусратулло Файзулло - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ;
12. Муминзод Камолиддин Рамазон - раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
13. Давлатзода Зарина Дилмурод - муовини раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
14. Маъмурзода Адҳам Маъмур - мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;
15. Шарифзода Мануҷеҳр Муртазо - директори Муассисаи давлатии «Театри миллӣ».


📱 Pressa.tj
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
👍3
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
#Хабари_рӯз
6-ҳазор сомонӣ ҷаримаи фолбин дар Душанбе


Маҳмадсодиқ Ширинови 58-сола, сокини шаҳри Душанбе дар ҳолати машғул шудан ба сеҳру ҷоду аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардид.

Зимни санҷиш муайян шудааст, ки номбурда муддатест фолбиниро пешаи худ намуда, “дар манзили истиқоматии худ шаҳрвандонро қабул ва амалҳои хурофотиро иҷро ва аз ин ҳисоб манфиати молиявӣ ба даст меовардааст”.

Нисбат ба Маҳмадсодиқ Ширинов протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори Суд нисбаташ ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 80-нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 6-ҳазор сомонӣ ситонида шудааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар Тоҷикистон на танҳо фолбинҳо, балки муштариёни онҳо низ ҷарима мешаванд.
4👍2
⚠️Дар Венесуэла 7 рӯз мотами миллӣ эълон шуд

Иҷрокунандаи вазифаи Президенти Венесуэла Делси Родригес барои поси хотири нафарони кушташуда дар амалёти ИМА дар ин кишвар як ҳафта мотами миллӣ эълон кардааст.

Дар ин бора хабаргузории “Ройтерз” иттилоъ додааст.

Дар ҳамлаи Амрико ба Венесуэла, ки рӯзи 3-юми январ рух дод ҳудуди 20 афсари венесуэлӣ кушта шуд. Инчунин Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флоресро нерӯҳои амрикоӣ дар ин амалиёт рабуданд.

📱 Pressa.tj
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
4😢1
⚠️🎸Фарҳоди Дарё: Ҳеҷ абархабисе наметавонад садои мусиқиро дар Афғонистон хомӯш кунад

Овозхон ва ҳунарманди маъруф Фарҳоди Дарё дар гуфтугӯи махсус бо Afghanistan International дар бораи ҳолати мусиқӣ ва санъат дар Афғонистон сухан ронд. Ӯ таъкид кард, ки гарчанде мусиқӣ дар кишвар имрӯз таҳти фишори шадид қарор дорад, "аммо ҳеҷ абархабисе қодир нест, ки садои онро хомӯш созад".
Дар ин мусоҳиба Фарҳоди Дарё, яке аз чеҳраҳои барҷастаи мусиқии Афғонистон, дар бораи вазъияти душвори санъат, маҳдудиятҳои таҳмилшуда ва оянда сухан гуфт. Ӯ изҳор дошт, ки мушкилоту фишорҳои иҷтимоӣ натавонистанд ва нахоҳанд тавонист нури мусиқиро хомӯш кунанд.

https://pressa.tj/far%d2%b3odi-daryo-%d2%b3e%d2%b7-abarhabise-nametavonad-sadoi-musi%d2%9biro-dar-af%d2%93oniston-hom%d3%afsh-kunad/
🕋⚠️Аз Ӯзбекистон ба ҳаҷ рафтаму раҳгум задам

Дар Ӯзбекистон фаъолияти ташкилоте, ки наздик ба 20 ҳазор шаҳрвандро ғайриқонунӣ ба ҳаҷӣ умра фиристода буд, фош ва корашро қатъ карданд.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон, паси ин нақша савдои ғайрирасмии сайёҳӣ қарор дошт, ки зери номи ширкати "Жалолқудуқ Авиатранс" фаъолият мекард.
Нақши калидиро дар ташкил кардани сафарҳои ғайриқонунӣ ҳаҷи умра зани 41-солаи зодаи вилояти Андиҷон бозидааст. Ӯ бо ташкил кардани агенти ғайриқонунии сайёҳи тавонистааст, ки 19,5 ҳазор шаҳрвандро бо фиреби рафтан ба ҳаҷи умра ҷалб кунад.

https://pressa.tj/az-%d3%afzbekiston-ba-%d2%b3a%d2%b7-raftamu-ra%d2%b3gum-zadam/
👍1
⚠️🚢 Боздошти танкери нафти Русия аз ҷониби ИМА

Нерӯҳои ИМА киштии нафтбарӣ "Маринер"-ро , ки бо парчами Русия ҳаракат мекард дар уқёнуси Атлантика боздошт кардааст.
Дар ин бора рӯзи чоршанбе, 7-уми январ дар нишсати хабарии доимӣ хабарнигорон сухангӯи Кохи Сафед хонуми Кэролайн Ливитт изҳор дошт.
«Инчунин илова мекунам, ки дар бораи киштӣ ва экипажи он қарори судӣ барои боздошт содир карда шудааст ва ин маънои онро дорад, ки экипаж акнун барои ҳар гуна вайронкунии мувофиқи қонунгузории федералӣ ба судгоҳ кашида мешавад ва дар сурати зарурат барои чунин таҳти таъқиб қарор додан ба Иёлоти Муттаҳида бурда хоҳад шуд», - гуфт вай.

https://pressa.tj/bozdoshti-tankeri-nafti-rusiya-az-%d2%b7onibi-ima/
2👍2
⚠️Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба ИМА рафтан мехоҳанд, акнун пеш аз сафар бояд 15 ҳазор доллар гаравпулӣ супоранд

Шурӯъ аз 21 январи соли 2026 Тоҷикистон ба Барномаи озмоишии гаравпулии раводид (Visa Bond Pilot Program) ҳамроҳ мегардад. Дар ин бора Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар дод.

Тибқи ин барнома, шаҳрвандоне, ки барои гирифтани раводиди хизматӣ ё сайёҳии навъи B1/B2 ба Иёлоти Муттаҳида муроҷиат мекунанд, пеш аз содир шудани раводид бояд гаравпулиро дар ҳаҷми то 15 ҳазор доллари ИМА супоранд.


Гуфта мешавад, ин маблағ дар сурате ба аризадиҳанда пурра баргардонида мешавад, ки ӯ ҳамаи шартҳои раводидро риоя карда, пеш аз анҷоми муҳлати иҷозаи будубош қаламрави Иёлоти Муттаҳидаро тарк намояд.

Барои маълумоти бештар дар бораи гаравпулии раводид аз пайванди зерин истифода баред:  https://travel.state.gov/content/travel/en/News/visas-news/countries-subject-to-visa-bonds.html

📱 Pressa.tj
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
😁63😢1
🎼❗️ Маҳфили гиромидошти Рӯдакӣ дар Теҳрон


6- уми январ дар шаҳри Теҳрон барои бузургдошти падари шеъри форсӣ – тоҷикӣ Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ чорабини таҳти унвони “Бӯи ҷӯи Мӯлиён” баргузор гардид.

Ин чорабини бо ташаббуси Сафортаи Тоҷикистон дар ҶИ Эрон ва Анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ ва «Бунёди Рӯдакӣ»-и Эрон доир гардид. Дар ин чорабини чеҳраҳои фарҳангии ҳарду кишавар иштирок карданд.
3
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
❗️Ба хонаводаи афсари ҳалокшуда дар марзи Афғонистон манзил тақдим шуд

Ба хонаводаи Исматулло Қурбонов, афсари Хадамоти марзбонии Тоҷикистон, ки моҳи декабри соли 2025 дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ҳалок шуд, манзили истиқоматӣ ва кумакҳои иҷтимоӣ пешниҳод гардиданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Вилояти Хатлон хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, раиси вилоят калиди хонаи истиқоматиро дар маркази Бохтар ба хонаводаи марҳум, ки сокини ноҳияи Ҳамадонӣ мебошанд, супорид.


Қаблан, рӯзи 1 январ, мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба хонаводаи Зиреҳбон Наврӯзбеков, афсари дигаре, ки дар ҳамон ҳодиса ҳалок шуд, дар шаҳри Хоруғ хонаи дуҳуҷрагӣ ҷудо карда буданд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 24 декабр дар натиҷаи ҳамлаи афроди мусаллаҳ аз қаламрави Афғонистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ду афсари Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҷон бохтанд. Ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, дар ҷараёни амалиёт се фарди мусаллаҳ безарар гардонда шуданд. Ба гуфтаи мақомоти амниятӣ, аз ҷои ҳодиса силоҳу муҳимоти ҷангӣ, аз ҷумла автоматҳо, норинҷакҳои дастӣ, маводи тарканда ва дигар таҷҳизоти низомӣ мусодира шудааст.

Мақомот таъкид мекунанд, ки вазъият дар минтақа зери назорат буда, чораҳои иловагӣ барои таҳкими амнияти сарҳадӣ андешида мешаванд.

📱 Pressa.tj
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
1👍151👎1🔥1
🤖Зуд, қулай, осон: чат-боти “Доно” ба муштариён чӣ тавр кӯмак мерасонад

Аллакай қариб 60% ҳамаи муроҷиатҳо ба ширкати “МегаФон Тоҷикистон” бо кӯмаки ёвари виртуалӣ баррасӣ ва ҳал карда мешаванд. Ба шарофати он, ки чат-боти “Доно” дарҳол посух медиҳад ва мунтазам такмил меёбад, нишондиҳандаи қаноатмандии мизоҷон (CSI) низ рӯ ба афзоиш аст: он аз оғози соли 2025 28% боло рафта, шумораи саволҳое, ки “Доно” ба онҳо ҷавоб медиҳад, 45% зиёд гардидааст.

“МегаФон Тоҷикистон” имкониятҳои гуногуни хизматрасонӣ, аз ҷумла зангзанӣ ба маркази тамос ё муроҷиат ба идораи ширкатро пешниҳод мекунад. Аммо ҳалли мушкилот бо ёрии чат-бот боз ҳам зудтар сурат мегирад. “Доно” бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ кор мекунад, шабонарӯзӣ ва дар ҳама ҷо дастрас аст ва ба саволи маъмулӣ дар тӯли чанд сония, бе ягон навбат посух медиҳад.


Обуна шавед  /Telegram /Instagram/Facebook/YouTube
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
6👎3
🤖Быстро, удобно, просто: как чат-бот «Доно» помогает абонентам

Уже почти 60% всех обращений в компанию «МегаФон Таджикистан» решается с помощью виртуального помощника. Благодаря тому, что чат-бот «Доно» отвечает почти мгновенно и постоянно учится, растёт и показатель удовлетворённости клиентов (CSI): с начала 2025 года он увеличился на 28%. А количество вопросов, на которые отвечает «Доно», – на 45%.

МегаФон Таджикистан предлагает разные способы обслуживания – например, можно позвонить в колл-центр или прийти в офис компании. Но быстрее всего решить вопрос с помощью чат-бота. «Доно» работает на русском и таджикском языках, доступен 24 часа в сутки в любом месте, а ответ на типовой вопрос он предоставит всего через пару секунд, без каких-либо очередей.


Обуна шавед  /Telegram /Instagram/Facebook/YouTube
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
⚠️🎭Мурат Бисембин, актёри шинохтаи Қазоқистон даргузашт

Ҳунарпеши маъруфи қазоқистонӣ Мурат Бисембин, дар сини 53-солагӣ вафот кард. Дар ин бора духтараш хабар додааст.
Вай гирифтори бемории саратон буд, ва моҳи декабри соли 2025 бо бемории сактаи мағзи бистари шуда буд. Ба гуфтаи наздиконаш пас аз дучори сактаи мағзӣ шуданаш то ба ҳол дар бемохона бистари будааст.
Мурат Бисембин, ҳунарманди шинохта дар филҳои қазоқӣ буд, Вай 11-уми октяби соли 1972 дар Қазоқистон ба дунё омадааст. Ӯро бештар пас аз бози кардан дар нақши асосӣ дар филми ”Рэкетир” мебошад.
😢5
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
#Хабари_рӯз
Ба хонаводаи афсари ҳалокшудаи тоҷик дар марзи Афғонистон хона тақдим шуд
2👍1