This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
🔆 Неругоҳи барқи офтобии “Аличур” бо тавоноии 2,8 МВт ва батареяи захираи энергия бо иқтидори 1,4 МВт.соат дар ноҳияи баландкӯҳи 🏔Мурғоб, айни замон калонтарин неругоҳи офтобӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад.
📅 Санаи баистифодадиҳӣ: 26-уми июни соли 2025
🔋Ин неругоҳ дар доираи лоиҳаи “Электрификатсияи деҳот” бунёд гардида, ҳадафи он таъмин намудани аҳолии минтақаҳои кӯҳистону дурдасти кишвар бо неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад.
🌍Бо чунин иқдомҳои созанда, мо ба рушди “энергетикаи сабз” ва беҳтар сохтани сатҳи зиндагии сокинони дурдаст, инчунин, ба кишвари сабз табдил додани 🇹🇯 Тоҷикистон қадамҳои устувор мегузорем!
********
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj
#ЭнергияиСабз #Офтобӣ #Аличур #Мурғоб #Электрификатсияидеҳот

💡Дар моҳи сентябр неругоҳ 21 313 кВт/соат неруи барқ истеҳсол кардааст.
🔋Ин неругоҳ дар доираи лоиҳаи “Электрификатсияи деҳот” бунёд гардида, ҳадафи он таъмин намудани аҳолии минтақаҳои кӯҳистону дурдасти кишвар бо неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад.
🌍Бо чунин иқдомҳои созанда, мо ба рушди “энергетикаи сабз” ва беҳтар сохтани сатҳи зиндагии сокинони дурдаст, инчунин, ба кишвари сабз табдил додани 🇹🇯 Тоҷикистон қадамҳои устувор мегузорем!
********
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj
#ЭнергияиСабз #Офтобӣ #Аличур #Мурғоб #Электрификатсияидеҳот
👍5⚡1
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
🇹🇯Неругоҳ барқи обии «Тоҷикистон» 13 сентябри соли 2018 дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб ба истифода дода шудааст.
⚡️Неругоҳ дорои иқтидори 1500 кВт ( ду агрегат 750 кВт) мебошад.
📍НБО «Тоҷикистон» аз лиҳози ҷойгиршавӣ дар мавзеи баландкӯҳ баъди Неругоҳи барқи обии хурд бо тавоноии ҳамагӣ 15 кВт дар Непал аз ҷиҳати мавқеъ дар дунё ҷойи дуюмро ишғол менамояд.
♻️ Баландии сарбанди неругоҳ 64 метр ва дарозии он 12 метрро ташкил медиҳад. Сарбанди мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона сарбанде мебошад, ки дар он иншооти махсуси моҳигузар сохта шудааст. Ин сарбанд боис бар он мегардад, ки болотар аз он ҳаҷми нисбатан зиёди об ба андозаи 2 млн метри мукааб ҷамъ шавад ва ҳам барои неругоҳи барқи обӣ ва ҳам барои ҳифзи экологӣ, аз ҷумла моҳиҳо қулай мебошад.
*********
Саҳифаҳои расмии Вазорат дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Телеграм: t.me/mewrtj
Инстаграм: instagram.com/mewr.tj

💡Шуруъ аз моҳи сентябри соли 2018 то моҳи ноябри соли 2025 неругоҳ 30 млн кВт соат неруи барқ истеҳсол намудааст.
📍НБО «Тоҷикистон» аз лиҳози ҷойгиршавӣ дар мавзеи баландкӯҳ баъди Неругоҳи барқи обии хурд бо тавоноии ҳамагӣ 15 кВт дар Непал аз ҷиҳати мавқеъ дар дунё ҷойи дуюмро ишғол менамояд.
♻️ Баландии сарбанди неругоҳ 64 метр ва дарозии он 12 метрро ташкил медиҳад. Сарбанди мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона сарбанде мебошад, ки дар он иншооти махсуси моҳигузар сохта шудааст. Ин сарбанд боис бар он мегардад, ки болотар аз он ҳаҷми нисбатан зиёди об ба андозаи 2 млн метри мукааб ҷамъ шавад ва ҳам барои неругоҳи барқи обӣ ва ҳам барои ҳифзи экологӣ, аз ҷумла моҳиҳо қулай мебошад.
*********
Саҳифаҳои расмии Вазорат дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Телеграм: t.me/mewrtj
Инстаграм: instagram.com/mewr.tj
👍4⚡1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
☀️ГУЗОРИШ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОФТОБИИ ДЕҲАИ РОЖИ НОҲИЯИ ШУҒНОН БО ИҚТИДОРИ З МВТ
*****
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Телеграм: t.me/mewrtj
Инстаграм: instagram.com/mewr.tj
*****
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Телеграм: t.me/mewrtj
Инстаграм: instagram.com/mewr.tj
👍9⚡1
САРФАИ ЭНЕРГИЯ — ОМИЛИ РУШДИ УСТУВОР ВА ОЯНДАИ САБЗ
(Ба муносибати Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия)
Дар ҷаҳони имрӯза, ки масоили тағйирёбии иқлим, камшавии захираҳои табиӣ ва афзоиши талаботи энергетикӣ ба мавзуи доғ табдил ёфтаанд, мафҳуми сарфаи энергия рӯз ба рӯз аҳамияти бештар ва муҳимтарро касб менамояд.
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ — РАМЗИ МАСЪУЛИЯТИ УМУМӢ
Ҳамасола 11-уми ноябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия таҷлил мегардад. Ин рӯз бо ташаббуси шабакаи байналмилалии экологӣ — «Лоиҳаи мактабӣ оид ба истифодаи захираҳо ва энергия» аз соли 2008 ҷорӣ гардида, ҳадафи он — ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ва мақомоти давлатӣ ба истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ мебошад.
МАДАНИЯТИ САРФАКОРИРО АЗ КӮДАКӢ БОЯД ОМӮЗОНД
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо дурбинии хос таъкид кардаанд: «Мо бояд ба маданияти истифода ва сарфакоронаи неруи барқу газ ва об эътибори ҷиддӣ диҳем. Дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Аврупо, чунин маданияти энергетикиро дар мактабҳо аз синни хурдсолӣ тарғиб менамоянд».
ҚОНУНГУЗОРӢ ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ
Ҳамчунин, дар доираи ин сиёсати давлатӣ, барномаҳои зиёди омӯзишӣ, маърифативу иттилоотӣ роҳандозӣ гардидаанд, ки ҳадафи онҳо ташаккули маданияти энергетикӣ дар ҷомеа мебошад.
САРФАИ ЭНЕРГИЯ — САМАРАНОКӢ ВА ПЕШРАФТ
Сарфаи энергия фақат маънои кам кардани истеъмоли неруи барқро надорад — он роҳи асосии баланд бардоштани самаранокии иқтисодӣ ва кам кардани хароҷот мебошад. Тибқи маълумоти мутахассисон, татбиқи чорабиниҳои сарфаи энергия тақрибан 2,5–3 маротиба арзонтар аз истеҳсол, интиқол ва тақсимоти неруи барқ мебошад.
Масалан, иваз намудани таҷҳизоти кӯҳнаи барқӣ ба дастгоҳҳои каммасраф, беҳтар кардани изолятсияи гармӣ дар хонаҳо ва идоракунии оқилонаи равшанидиҳӣ метавонад то 30–40 фоизи истеъмоли неруи барқро коҳиш диҳад.
Дар сурати то 3 фоиз таъмин намудани сарфаҷӯйии энергияи барқ имконияти сарфа намудани 3,6 млрд кВт/соат то соли 2030 пайдо мегардад, ки инбаробар ба ҳаҷми энергияи солонаи барқидар НБО-ҳои «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» истеҳсолшаванда баробар мебошад.

Дар кишварҳои пешрафта, аз ҷумла дар Аврупо, Амрико ва Осиё, мафҳуми сарфаи энергия ва “иқтисоди сабз” ба қисми ҷудонашавандаи сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.
Дар баробари афзоиши истеҳсоли энергия, ба коҳиши талафот ва баланд бардоштани самаранокӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ — РАМЗИ МАСЪУЛИЯТИ УМУМӢ
Ҳамасола 11-уми ноябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия таҷлил мегардад. Ин рӯз бо ташаббуси шабакаи байналмилалии экологӣ — «Лоиҳаи мактабӣ оид ба истифодаи захираҳо ва энергия» аз соли 2008 ҷорӣ гардида, ҳадафи он — ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ва мақомоти давлатӣ ба истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ мебошад.
Мақсади таҷлили ин рӯз — ташвиқи мардум ба тарзи ҳаёти сарфакорона, рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз қабили энергияи офтоб, шамол, мавҷҳо, геотермалӣ ва гидроэнергетикӣ мебошад. Зеро рушди устувори иқтисоди миллӣ ва ҳифзи муҳити зист бе самаранок истифода бурдани ин захираҳо ғайриимкон аст.
МАДАНИЯТИ САРФАКОРИРО АЗ КӮДАКӢ БОЯД ОМӮЗОНД
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо дурбинии хос таъкид кардаанд: «Мо бояд ба маданияти истифода ва сарфакоронаи неруи барқу газ ва об эътибори ҷиддӣ диҳем. Дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Аврупо, чунин маданияти энергетикиро дар мактабҳо аз синни хурдсолӣ тарғиб менамоянд».
Ин таъкидҳои Сарвари давлат танҳо як тавсия набуда, самти стратегиро барои рушди соҳаи энергетика ва фарҳанги истифодаи оқилонаи он нишон медиҳанд. Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар, тарбияи маданияти энергетикӣ бояд аз кӯдакӣ оғоз ёбад. Зеро одатҳои дуруст дар истифодаи энергия — заминаи масъулияти шаҳрвандии насли оянда мебошанд.
ҚОНУНГУЗОРӢ ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии истифодаи энергия тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия» амалӣ мегардад. Қонун вазифаҳои муҳимро, аз ҷумла:
• баланд бардоштани самаранокии истифодаи неруи барқ ва захираҳои энергетикӣ;
• ҷорӣ намудани технологияҳои каммасраф ва таҷҳизоти муосир;
• рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия;
• ташвиқи аҳолӣ ба истифодаи сарфакоронаи энергия, танзим менамояд.
Ҳамчунин, дар доираи ин сиёсати давлатӣ, барномаҳои зиёди омӯзишӣ, маърифативу иттилоотӣ роҳандозӣ гардидаанд, ки ҳадафи онҳо ташаккули маданияти энергетикӣ дар ҷомеа мебошад.
САРФАИ ЭНЕРГИЯ — САМАРАНОКӢ ВА ПЕШРАФТ
Сарфаи энергия фақат маънои кам кардани истеъмоли неруи барқро надорад — он роҳи асосии баланд бардоштани самаранокии иқтисодӣ ва кам кардани хароҷот мебошад. Тибқи маълумоти мутахассисон, татбиқи чорабиниҳои сарфаи энергия тақрибан 2,5–3 маротиба арзонтар аз истеҳсол, интиқол ва тақсимоти неруи барқ мебошад.
Масалан, иваз намудани таҷҳизоти кӯҳнаи барқӣ ба дастгоҳҳои каммасраф, беҳтар кардани изолятсияи гармӣ дар хонаҳо ва идоракунии оқилонаи равшанидиҳӣ метавонад то 30–40 фоизи истеъмоли неруи барқро коҳиш диҳад.
Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, дар ин раванд, ҷиҳати таъмини талаботи рӯзафзуни соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар ба энергияи барқи доимӣ ва боэътимод, дар баробари бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, инчунин, истифодаи сарфакоронаи энергияи барқ нақши калидӣ дошта, зарур шуморида мешавад, ки ҳамаи гурӯҳҳои истеъмолкунандагон дар сарфаҷӯйии энергияи барқ фаъол бошанд.
Дар сурати то 3 фоиз таъмин намудани сарфаҷӯйии энергияи барқ имконияти сарфа намудани 3,6 млрд кВт/соат то соли 2030 пайдо мегардад, ки инбаробар ба ҳаҷми энергияи солонаи барқидар НБО-ҳои «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» истеҳсолшаванда баробар мебошад.
👍5❤2⚡1
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Дар барномаи навбатии “Нурофар”-и Телевизиони “Тоҷикистон” масъалаҳои истифодаи оқилона ва сарфакоронаи неруи барқ матраҳ гардид.
Зимни барнома мутахассисон вобаста ба аҳамияти баланд бардоштани маърифати энергетикӣ миёни аҳолӣ ва масъалаҳои риояи талаботи қонунгузорӣ ҳангоми истифодаи неруи барқ андешаронӣ намуданд.
********
Саҳифаҳои расмии Вазорат дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Телеграм: t.me/mewrtj
Инстаграм: instagram.com/mewr.tj
Зимни барнома мутахассисон вобаста ба аҳамияти баланд бардоштани маърифати энергетикӣ миёни аҳолӣ ва масъалаҳои риояи талаботи қонунгузорӣ ҳангоми истифодаи неруи барқ андешаронӣ намуданд.
********
Саҳифаҳои расмии Вазорат дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Телеграм: t.me/mewrtj
Инстаграм: instagram.com/mewr.tj
👍4❤2⚡1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
🔆Неругоҳҳои барқи офтобии 600 кВт ва 200 кВт-и ноҳияи Мурғоб яке аз иншоотҳои муҳими соҳаи энергетика ба ҳисоб рафта, маркази ноҳияи дурдасти баландкӯҳро бо неруи барқ таъмин менамояд ва дар самаранок истифодаи гардидани захираҳои оби рбанбори НБО “Тоҷикистон” нақши муҳим дорад.
************
Саҳифаҳои расмии Вазорат дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Телеграм: t.me/mewrtj
Инстаграм: instagram.com/mewr.tj
Неругоҳҳои барқи офтобӣ дар даҳ моҳи соли 2025-ум беш аз 816 ҳазор кВт неруи барқ тавлид намудаанд.
************
Саҳифаҳои расмии Вазорат дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Телеграм: t.me/mewrtj
Инстаграм: instagram.com/mewr.tj
👍5⚡1
13-уми ноябри соли 2025, шаҳри Душанбе. – Дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Реҷенсӣ» маросими ифтитоҳи намоиши аксҳо таҳти унвони «Иттиҳоди Аврупо – Тоҷикистон: ҳамкорӣ дар рушди энергетикаи устувор» баргузор гардид.
Дар кори чорабинӣ, муовинони вазири энергетика ва захираҳои об Манучеҳр Сафарзода, Шарифа Худобахш, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Радослав Дарски, собиқадорони соҳаи энергетика, намояндагони Ассостсиатсияи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, лоиҳаи SECCA ва гурӯҳи донишҷӯдухтарони риштаи энергетика иштирок доштанд.
Муфассал
Подробнее
✅@mewrtj

👍4❤1👏1
ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ ВАЗОРАТИ ЭНЕРГЕТИКА ВА ЗАХИРАҲОИ ОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАЪРАКАИ ХУНСУПОРӢ
************
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои об дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

👍4❤1