Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯 – Telegram
Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯
441 subscribers
1.81K photos
175 videos
4 files
451 links
🇹🇯Ministry of Energy and Water Resource official channel
Download Telegram
19-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дастовардҳои сокинони вилоят, сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳо ва рафти корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатиро натиҷагирӣ намуданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд, ҳамчунин, вазъи риояи қонунияту тартибот ва интизоми хизматиро муҳокима намуда, таъкид доштанд, ки дар вилоят чандон қонеъкунанда нест.

Ҳолатҳои зиёди талафоти беасоси қувваи барқ, напардохтан ё азонихудкунии маблағи истифодаи он ва зиёд гардидани қарздории истифодаи қувваи барқ аз масъалаҳои ташвишовар дар ин соҳа номида шуд.
👍3🆒1
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Гузориш аз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд
👍51🆒1
20-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Певшои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо пахши тугмаи рамзӣ 3 гидроагрегати неругоҳи Қайроққумро баъди навсозӣ мавриди истифода қарор доданд.

Дар доираи лоиҳа 6 гидроагрегат ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти неругоҳ пурра навсозӣ ва иқтидори истеҳсол дар он 60 МВт зиёд карда шуд.


Дар доираи қисми яки лоиҳаи барқарорсозии неругоҳи Қайроққум бо ҷалби шарикони рушд ва мутахассисони дохилию хориҷӣ то имрӯз таҷҳизоти толори мошинҳо, дастгоҳи идоракунии турбинаҳо, трансформаторҳои системаи ангезишӣ, дастгоҳи идоракунии зери фишор, системаи идоракунии гидроагрегат, 7 трансформатори иқтидорашон гуногун ва дигар дастгоҳҳои асосӣ бо дастрасии онҳо аз кишварҳои пешрафтаи Аврупо иваз карда шуда, ба ҷойи дастгоҳи тақсимоти кушодаи 220/110 кВ дастгоҳи тақсимоти пӯшидаи элегазӣ насб гардид.
👍62🔥1👏1
20-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон пас аз ба кор даровардани 3 гидроагрегати неругоҳи Қайроққум ҳамзамон ба корҳои сохтмонии ду лоиҳаи нави энергетикӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ва ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон оғоз бахшиданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар доираи ин лоиҳа дар ноҳияҳои Ашт ва Ҷайҳун неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори умумии 500 МВт бунёд карда мешавад.


Ҳар ду иншоот бо дастгирии Ҳукумати кишвар аз ҷониби ширкатҳои ватанию хориҷӣ бо арзиши 250 миллион доллари амрикоӣ сохта шуда, баъд аз ба истифода додани онҳо сатҳи барқтаъминкунӣ ба аҳолӣ беҳтару хубтар гардонида мешавад.
👍71👏1
20-уми ноябри соли 2025, Душанбе. – Дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷаласаи 67-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид.

Ҷаласа дар қолаби ҳузурӣ ва маҷозӣ сурат гирифта, дар кори он вазирон ва муовинони вазирони энергетикаи кишварҳои ИДМ, раиси Кумитаи иҷроияи Шурои электроэнергетикии ИДМ, муовини Котиби генералии ИДМ, муовини Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай, ширкатҳои энергетикии давлатҳо ва марказҳои илмӣ-тахқиқотӣ иштирок намуданд.

Дар ифтитоҳи чорабинӣ Далер Ҷумъа – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмононро ба кишвари офтобрӯяи Тоҷикистон хайрамақдам гуфт.

- Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи самараноки иқтидори бузурги гидроэнергетикии худ аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, айни замон сохтмони Нергоҳи барқи обии «Роғун» бо иқтидори 3780 МВт идома дорад, - илова намуд Далер Ҷумъа.


Муфассал
Подробнее
👍81🤝1