16-уми ноябр дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистон Вохӯрии ҳафтуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин вохӯрӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҳамоиш доираи васеи масъалаҳои мубрами робитаҳои кишварҳои минтақа, дурнамои тавсеаи ҳамкорӣ дар самти таъмини рушди устувори иқтисодӣ, таҳкими заминаи муносибатҳои дӯстӣ ва накуҳамсоягӣ, ҳамчунин, масъалаҳои рушди минбаъдаи фазои фарҳангӣ ва гуманитарӣ баррасӣ шуд.
👍4❤1
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, роҳбарияти Агентии назорати давлатии энергетикӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ноҳия Данғара ва ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” аз корҳои сохтмонии навбати дуюми зеристгоҳи барқии 220/35/6 кВ-и “Себистон”, воқеъ дар ноҳияи Данғара, боздид ба амал оварданд.
Тибқи иттилоъ, дар доираи иҷрои лоиҳаи мазкур, аз ҷониби филиали ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар шаҳри Бохтар насбу васли трансформаторҳои қудратии навъи SFSZ-25 МВА дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад.
#Тафсилот_дар_навор
************
Саҳифаҳои расмии Вазорат дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Телеграм: t.me/mewrtj
Инстаграм: instagram.com/mewr.tj

Мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур ба таъмини устуворӣ ва эътимоднокии интиқоли барқ ба корхонаҳои саноатӣ, инфрасохтори иҷтимоӣ ва аҳолии ноҳияи Данғара мусоидат намуда, дар таҳкими иқтидори энергетикии ҷумҳурӣ ва татбиқи барномаҳои рушди энергетикии миллӣ нақши муҳим хоҳад бозид.
#Тафсилот_дар_навор
************
Саҳифаҳои расмии Вазорат дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Телеграм: t.me/mewrtj
Инстаграм: instagram.com/mewr.tj
👍5👏1🆒1
ТОҶИКИСТОН МИЗБОНИ ҶАЛАСАИ 67-УМИ ШУРОИ ЭЛЕКТРОЭНЕРГЕТИКИИ КИШВАРҲОИ ИШТИРОКДОРИ ИДМ
20-уми ноябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷаласаи 67-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои иштирокдори ИДМ баргузор мегардад.
Ҷаласа дар қолаби ҳузурӣ ва маҷозӣ сурат гирифта, дар кори он вазирони энергетикаи кишварҳои ИДМ, раиси Кумитаи иҷроияи ШЭ ИДМ, муовини Котиби генералии ИДМ, муовини Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай, ширкатҳои энергетикии давлатҳо иштирок менамоянд.
Подробнее
******
Саҳифаҳои расмии Вазорат дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Инстаграм: instagram.com/mewr.tj
20-уми ноябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷаласаи 67-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои иштирокдори ИДМ баргузор мегардад.
Ҷаласа дар қолаби ҳузурӣ ва маҷозӣ сурат гирифта, дар кори он вазирони энергетикаи кишварҳои ИДМ, раиси Кумитаи иҷроияи ШЭ ИДМ, муовини Котиби генералии ИДМ, муовини Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай, ширкатҳои энергетикии давлатҳо иштирок менамоянд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласаи навбатии нишаст, муҳокимаи мавзуъҳои механизми амалии рушди ҳамкории кишварҳои ИДМ ва СҲШ, ҳолати мувофиқасозии лоиҳаи Стратегияи рушди комплекси сӯзишворӣ-энергетикии кишварҳои иштирокдори ИДМ барои то соли 2035 (дурнамо барои соли 2050), оид ба раисии шурои Ҳамоҳангсозии назди ШЭ ИДМ ва дигар масъалаҳо пешбинӣ гардидааст.
Подробнее
******
Саҳифаҳои расмии Вазорат дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Инстаграм: instagram.com/mewr.tj
👍7🙏1🤝1
19-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дастовардҳои сокинони вилоят, сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳо ва рафти корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатиро натиҷагирӣ намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд, ҳамчунин, вазъи риояи қонунияту тартибот ва интизоми хизматиро муҳокима намуда, таъкид доштанд, ки дар вилоят чандон қонеъкунанда нест.

Ҳолатҳои зиёди талафоти беасоси қувваи барқ, напардохтан ё азонихудкунии маблағи истифодаи он ва зиёд гардидани қарздории истифодаи қувваи барқ аз масъалаҳои ташвишовар дар ин соҳа номида шуд.
👍3🆒1
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Гузориш аз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд
👍5⚡1🆒1
20-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Певшои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо пахши тугмаи рамзӣ 3 гидроагрегати неругоҳи Қайроққумро баъди навсозӣ мавриди истифода қарор доданд.
Дар доираи қисми яки лоиҳаи барқарорсозии неругоҳи Қайроққум бо ҷалби шарикони рушд ва мутахассисони дохилию хориҷӣ то имрӯз таҷҳизоти толори мошинҳо, дастгоҳи идоракунии турбинаҳо, трансформаторҳои системаи ангезишӣ, дастгоҳи идоракунии зери фишор, системаи идоракунии гидроагрегат, 7 трансформатори иқтидорашон гуногун ва дигар дастгоҳҳои асосӣ бо дастрасии онҳо аз кишварҳои пешрафтаи Аврупо иваз карда шуда, ба ҷойи дастгоҳи тақсимоти кушодаи 220/110 кВ дастгоҳи тақсимоти пӯшидаи элегазӣ насб гардид.
Дар доираи лоиҳа 6 гидроагрегат ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти неругоҳ пурра навсозӣ ва иқтидори истеҳсол дар он 60 МВт зиёд карда шуд.
Дар доираи қисми яки лоиҳаи барқарорсозии неругоҳи Қайроққум бо ҷалби шарикони рушд ва мутахассисони дохилию хориҷӣ то имрӯз таҷҳизоти толори мошинҳо, дастгоҳи идоракунии турбинаҳо, трансформаторҳои системаи ангезишӣ, дастгоҳи идоракунии зери фишор, системаи идоракунии гидроагрегат, 7 трансформатори иқтидорашон гуногун ва дигар дастгоҳҳои асосӣ бо дастрасии онҳо аз кишварҳои пешрафтаи Аврупо иваз карда шуда, ба ҷойи дастгоҳи тақсимоти кушодаи 220/110 кВ дастгоҳи тақсимоти пӯшидаи элегазӣ насб гардид.
👍6❤2🔥1👏1
20-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон пас аз ба кор даровардани 3 гидроагрегати неругоҳи Қайроққум ҳамзамон ба корҳои сохтмонии ду лоиҳаи нави энергетикӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ва ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон оғоз бахшиданд.
Ҳар ду иншоот бо дастгирии Ҳукумати кишвар аз ҷониби ширкатҳои ватанию хориҷӣ бо арзиши 250 миллион доллари амрикоӣ сохта шуда, баъд аз ба истифода додани онҳо сатҳи барқтаъминкунӣ ба аҳолӣ беҳтару хубтар гардонида мешавад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар доираи ин лоиҳа дар ноҳияҳои Ашт ва Ҷайҳун неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори умумии 500 МВт бунёд карда мешавад.

👍7❤1👏1