Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯 – Telegram
Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯
441 subscribers
1.81K photos
175 videos
4 files
451 links
🇹🇯Ministry of Energy and Water Resource official channel
Download Telegram
14-уми ноябри соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Президенти ширкати «ACWA Power» дар Осиёи Марказӣ Абид Малик мулоқоти маҷозӣ анҷом дод.

Дар меҳвари суҳбати ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва ҷалби сармояи ширкат барои бунёди неругоҳҳои бодию офтобӣ дар Тоҷикистон қарор гирифт.

Вазир доир ба ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати то соли 2027 ноил гардидан ба истиқлоли комили энергетикӣ тавассути бунёди иқтидорҳои нави энергетикӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия таъкид намуд.


Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи гуфтушунидҳо ва таҳияи механизми мушаххаси ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаҳои нав таъкид карданд.

************
Саҳифаҳои расмии Вазорат дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj
👍51🤝1
14-уми ноябри соли 2025, Душанбе. – Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди навбатии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони Вазорати энергетика ва захираҳои об, ҶСК «Барқи Тоҷик», ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ», ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва ҶСК «ТАУЗ Гидро» дар бинои ҶСК «Барқи Тоҷик» ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз шуд ва дар руҳияи идона сурат гирифт.

Муфассал⤵️
👍6🎉1
🇹🇯🇬🇧14-уми ноябри соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Cафири Британия Кабир дар Душанбе хонум Кэтрин Смиттон вохӯрӣ намуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо сатҳи кунунии ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об муҳокима намуда, ба зарурати густариши минбаъдаи робитаҳо таъкид карданд.

Яке аз мавзуъҳои асосии суҳбат рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар раванди татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи CASA-1000 буд. Ҷонибҳо омодагии худро барои вусъат бахшидани ҳамкориҳои муштарак бо ҷалби шарикони рушд изҳор доштанд.


************
Саҳифаҳои расмии Вазорат
Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Телеграм: t.me/mewrtj
Инстаграм: instagram.com/mewr.tj

Муфассал
Подробнее
Read more
👍5🤝1
15-УМИ НОЯБР САНАЕ, КИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «НОРАК» – ҚАЛБИ НИЗОМИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН БА ФАЪОЛИЯТ ШУРУЪ КАРД

Бунёди НБО «Норак» соли 1961 оғоз ёфта, аввалин агрегати он, бо иқтидори 300 МВт, 15-уми ноябри соли 1972 ва бо иқтидори пурраш соли 1979 ба истифода дода шудааст.


Иқтидори неругоҳ сараввал 2700 МВт буд, соли 1988 ҳамаи агрегатҳои он таҷдид гардида, иқтидори неругоҳ ба
3000 МВт расонда шуд.

Айни замон, таҷдид дар неругоҳ дар ду марҳила бо маблағи қариб 4,5 млрд сомонӣ идома дорад ва ду агрегати он таҷдид шудааст.


Баъд аз таҷдид пурра иқтидори неругоҳ аз 3000 МВт ба 3375 МВт зиёд шуда, иқтидори корӣ бошад, 775 МВт меафзояд.

Неругоҳи барқи обии «Норак» то имрӯз беш аз 520 миллиард киловатт/соат неруи барқ истеҳсол намудааст.


************
Саҳифаҳои расмии Вазорат дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Телеграм: t.me/mewrtj
Инстаграм: instagram.com/mewr.tj
👍5👏1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
#16-УМИ НОЯБР
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ - РӮЗИ ҚАДРШИНОСӢ БА ХИДМАТҲОИ БЕДАРЕҒИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!
👍61
16-уми ноябр дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистон Вохӯрии ҳафтуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин вохӯрӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҳамоиш доираи васеи масъалаҳои мубрами робитаҳои кишварҳои минтақа, дурнамои тавсеаи ҳамкорӣ дар самти таъмини рушди устувори иқтисодӣ, таҳкими заминаи муносибатҳои дӯстӣ ва накуҳамсоягӣ, ҳамчунин, масъалаҳои рушди минбаъдаи фазои фарҳангӣ ва гуманитарӣ баррасӣ шуд.
👍41
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, роҳбарияти Агентии назорати давлатии энергетикӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ноҳия Данғара ва ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” аз корҳои сохтмонии навбати дуюми зеристгоҳи барқии 220/35/6 кВ-и “Себистон”, воқеъ дар ноҳияи Данғара, боздид ба амал оварданд.

Тибқи иттилоъ, дар доираи иҷрои лоиҳаи мазкур, аз ҷониби филиали ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар шаҳри Бохтар насбу васли трансформаторҳои қудратии навъи SFSZ-25 МВА дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур ба таъмини устуворӣ ва эътимоднокии интиқоли барқ ба корхонаҳои саноатӣ, инфрасохтори иҷтимоӣ ва аҳолии ноҳияи Данғара мусоидат намуда, дар таҳкими иқтидори энергетикии ҷумҳурӣ ва татбиқи барномаҳои рушди энергетикии миллӣ нақши муҳим хоҳад бозид.


#Тафсилот_дар_навор

************
Саҳифаҳои расмии Вазорат дар шабакаҳои иҷтимоӣ:


Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Телеграм: t.me/mewrtj
Инстаграм: instagram.com/mewr.tj
👍5👏1🆒1
ТОҶИКИСТОН МИЗБОНИ ҶАЛАСАИ 67-УМИ ШУРОИ ЭЛЕКТРОЭНЕРГЕТИКИИ КИШВАРҲОИ ИШТИРОКДОРИ ИДМ

20-уми ноябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷаласаи 67-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои иштирокдори ИДМ баргузор мегардад.


Ҷаласа дар қолаби ҳузурӣ ва маҷозӣ сурат гирифта, дар кори он вазирони энергетикаи кишварҳои ИДМ, раиси Кумитаи иҷроияи ШЭ ИДМ, муовини Котиби генералии ИДМ, муовини Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай, ширкатҳои энергетикии давлатҳо иштирок менамоянд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласаи навбатии нишаст, муҳокимаи мавзуъҳои механизми амалии рушди ҳамкории кишварҳои ИДМ ва СҲШ, ҳолати мувофиқасозии лоиҳаи Стратегияи рушди комплекси сӯзишворӣ-энергетикии кишварҳои иштирокдори ИДМ барои то соли 2035 (дурнамо барои соли 2050), оид ба раисии шурои Ҳамоҳангсозии назди ШЭ ИДМ ва дигар масъалаҳо пешбинӣ гардидааст.


Подробнее

******
Саҳифаҳои расмии Вазорат дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Инстаграм: instagram.com/mewr.tj
👍7🙏1🤝1
19-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дастовардҳои сокинони вилоят, сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳо ва рафти корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатиро натиҷагирӣ намуданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд, ҳамчунин, вазъи риояи қонунияту тартибот ва интизоми хизматиро муҳокима намуда, таъкид доштанд, ки дар вилоят чандон қонеъкунанда нест.

Ҳолатҳои зиёди талафоти беасоси қувваи барқ, напардохтан ё азонихудкунии маблағи истифодаи он ва зиёд гардидани қарздории истифодаи қувваи барқ аз масъалаҳои ташвишовар дар ин соҳа номида шуд.
👍3🆒1
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Гузориш аз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд
👍51🆒1
20-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Певшои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо пахши тугмаи рамзӣ 3 гидроагрегати неругоҳи Қайроққумро баъди навсозӣ мавриди истифода қарор доданд.

Дар доираи лоиҳа 6 гидроагрегат ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти неругоҳ пурра навсозӣ ва иқтидори истеҳсол дар он 60 МВт зиёд карда шуд.


Дар доираи қисми яки лоиҳаи барқарорсозии неругоҳи Қайроққум бо ҷалби шарикони рушд ва мутахассисони дохилию хориҷӣ то имрӯз таҷҳизоти толори мошинҳо, дастгоҳи идоракунии турбинаҳо, трансформаторҳои системаи ангезишӣ, дастгоҳи идоракунии зери фишор, системаи идоракунии гидроагрегат, 7 трансформатори иқтидорашон гуногун ва дигар дастгоҳҳои асосӣ бо дастрасии онҳо аз кишварҳои пешрафтаи Аврупо иваз карда шуда, ба ҷойи дастгоҳи тақсимоти кушодаи 220/110 кВ дастгоҳи тақсимоти пӯшидаи элегазӣ насб гардид.
👍62🔥1👏1